ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар ҳайати раҳбарикунандаи Бонки миллии Тоҷикистон тағйирот ворид кард.
Бино ба гузориши котиботи президент, Накҳатзода Моҳбону Киромиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд. Гуфта мешавад, ки фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ҳамчунин мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дода, ки Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Манбаъ афзуда, ки фармони мазкур низ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Ду рӯз пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.
Раҳмон аз ҷумла бо як фармон Нурализода Ҷамолиддин аз вазифаи муовини якум ва Салимова Лола аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод кард.
Бо фармони дигар раисиҷумҳур Нурализода Ҷамолиддинро ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин кард.