Як сол дар асорати қумандон ва тир ба пой: фоҷиаи зиндагии Файзигул Юсупова - видео

Обуна шудан
Файзигул Юсупова сарояндаи номдори тоҷик пас аз солҳои тӯлонӣ ҳақиқати зиндагиашро дар солҳои 90-ум нақл кард ва гуфт чӣ гуна президент ӯро аз асорат наҷот дод

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Файзигул Юсупова дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и Орзу Исоев дар бораи маҳбубият, як соли асорат, захми пой ва хушбахтии зиндагиаш нақл кард.

Нахуст Файзигул гуфт як моҳ боз дар карантин дар хона нишастааст ва ин нахустин баромадаш ба берун аст ва дуо кард, ки Парвардигор ин бемориро аз Тоҷикистон нест кунад.

Аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ - солҳои 90-ум, ки замони ҷавонӣ ва шӯҳрати сароянда буд, ёдоварӣ шуда, Файзигул мегӯяд бо вуҷуди хатар  ҷасорат дошт ва ҳеҷ тарсе надошт, "ҳоло дар тақ гуяд метарсам", - мегӯяд сароянда.

Як соли асорат

"Дар кадом маъракае, ки ҳунарнамоӣ мекардему суруд мехондем силоҳбадастон буданд. Аз Худованд талаб мекардем, ки оё ман аз ин ҷо зинда ба хона мерафта бошам ё не. Мошинро дар роҳ манъ карда мепурсиданд, ки аз куҷо мешавӣ".

Он замон соли 1997 ин духтари ҷасуру нотарсро силоҳбадасте ба зӯрӣ ба никоҳи худ медарорад.

"Дар консерт дар Кохи Борбад будем.  Вақте ба ивази либос мерафтам дар он ҷо ду силоҳбадаст истода буданд. Яке гуфт Файзигул дар тарафи чап қумандон истодааст. Ту суруд хонда ба назди ӯ меравӣ дар тан куртаи сафед дорад. Ман гиря кардам ва гуфтам ман санъаткор ҳастам ар оилаи санъаткор ба дунё омадаам, ман санъатро хеле дӯст медорам илтимос ба ман халал нарасонед. Баъд ман ноилоҷ суруд хонда ба назди ҳамон қумандон рафтаму дастамро ба ӯ дароз кардам ва ӯ аз ҷой хесту дасти маро қапид. Суруди Алла Пугаёва "Позови меня с собой" - ро мехондам", - нақл мекунад Файзигул.

Дар поёни консерт Файзигул ба умеди дидори модару аҳли хонаводааш, ки барои дастгириаш омада буданд бо гулдастаҳо ба берун мебарояд. Вале ҳеҷ якеашонро намебинад. Ӯро ба мошини сиёҳшишае бор мекунанду ба ҷое мебаранд.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиаи хонаводаи Баҳриддини Сабур: аз вафоти модар дар тӯйи хоҳар то марги падар - видео

"Дидам, ки дар назди ҳавлие сигнал доданду мошин ворид шуд. Ман хеле гиря кардам, илтиҷо кардам, ки маро сар диҳед. Ягона чизе, ки ман мехостам озодӣ буд. Фардояш онҳо рафтанд дар хона янгааш буд. Рӯзи дигар омада бо худ мулло овард ва маро маҷбурӣ никоҳ карданд. Ман дар давоми як сол на падар на модар ягон касро намедидам. Фақат кор мекардам ва аз телевизион Файзигулро тамошо мекардам", - гуфт Файзигул ва афзуд, ки барои мардеро, ки ӯро иҷборан ба никоҳи худ дароварда буд, зан муҳим набуд, ӯ гӯё номи Файзигулро ба занӣ гирифта буд. 

Вале бо вуҷуди ин Файзигул мегӯяд ба тақдир тан надод, аммо роҳи наҷот ҳам надошт. Қумандон таҳдид мекард, ки агар ҷудо шавӣ туро мекушам. 

"Боре ман бемор шудам, ҳаракат карда наметавонистам. Маро гирифта беморхона бурд. Маро ҳеҷ кас наметавонист хабар бигирад. Ҳаимн қадар силоҳбадаст дар беморхона бисёр буд".

Пасон Файзигулро ба хонаи дигаре дар Душане мебарад ва дарро қулф зада худ меравад. Дар бораи талошҳои хонаводааш барои наҷот, Файзигул мегӯяд он замон ҳама дар ҳарос буданд.

"Ман дар ошёнаи дуюм будам. Дар поён ду посбон истода буданд. Ман хӯрокро бо банд кашида мегирифтам. Хонаводаи ман санъаткор ҳастанд, ҳама он замон метарсиданд", - гуфт Файзигул.

Аз ин ҳама ранҷу машаққат сароянда роҳи наҷотро пайдо кард. Аз балкон бо зани русе ошно шуд, ки ӯро аз асорат наҷот дод.

"Ӯ гӯшии телефонро ба швабра баста ба ман дод, ки ба касе занг занам. Ман ба як бародарам - ҳамсояамон занг задам. Ӯ омада ба ман варақҳои сафед дод ва гуфт ба номи президент нома нависам".

Ширинмох Нихолова в программе Ногуфтахо - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиаи хонаводаи Ширинмоҳ Ниҳолова: аз марги шавҳар то куштори хоҳар - видео

Пас аз як ҳафта аз ҷониби президент шахсиятҳое омада Файзигулро аз дасти қумандон наҷот доданд. Пас аз ҳафтае хабари боздошти қумандон ҳам расид.

Пои тирхӯрдаи Файзигул

Аз ин ҳодиса моҳе нагузашта буд, ки боз ба пои Файзигул тир заданд.

"Дар хона хоб будам. Нафаре бо ниқоб омада гуфт, бархез. Ман хестам онҳо ломро гирифта сандуқамро кушоданд, ҳами пулҳоямро гирифтанд ва дар охир ба пои ман тир зада рафтанд", - нақл мекунад бо оби дида Файзигул.

Наздики се моҳ Файзигул дар беморхонаи Қарияи Болои Душанбе табобат гирифт ва боз се моҳи дигар бо асо роҳ мегашт. Ин ҳама ҷабру ситамро ӯ бо як осонӣ хулоса мекунад, ки боз аз саҳна дур монд. 

Бо ҳама фоҷиаи зиндагӣ Файзигул ҳамоно  зиндагиро дӯст медораду айни ҳол соҳиби панҷ фарзанд ва панҷ набера аст. Ду фарзандашро ӯ аз хонаи кӯдакони рақами 1-и Душанбе гирифта ба воя расонидааст.

Лентаи хабарҳо
0