https://sputnik.tj/20200620/Tajikistan-az-tartibi-muvakatii-tanzimi-hamlu-nakl-az-guzargooi-marz-elom-kard--1031442293.html
Тоҷикистон аз тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақл дар гузаргоҳҳои марзӣ эълом кард
Тоҷикистон аз тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақл дар гузаргоҳҳои марзӣ эълом кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон доштааст, ки ба тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ аз гузаргоҳҳои cарҳади Тоҷикистон тағйирот илова... 20.06.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-06-20T10:25+0500
2020-06-20T10:25+0500
2021-04-19T16:52+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102366/86/1023668607_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_dc1e11dc188bd30faa0c4e173f8571a9.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102366/86/1023668607_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_391e2fd7e705df3e123bfb0bf3d6bc45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, вазорат
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, вазорат
Тоҷикистон аз тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақл дар гузаргоҳҳои марзӣ эълом кард
10:25 20.06.2020 (Навсозишуда: 16:52 19.04.2021) Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон доштааст, ки ба тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ аз гузаргоҳҳои cарҳади Тоҷикистон тағйирот илова гардид
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, бо мақсади соддагардонии раванди гузариши воситаҳои нақлиёти боркаш аз гузаргоҳҳои cарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Тартиби муваққатӣ оид ба танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагири COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид шуданд.
Манбаъ қайд намудааст, ки тибқи тағйироти қабулшуда, дар сурати будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи натиҷаи манфии тести коронавирус, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор содир шудааст, ба ронандагони воситаҳои нақлиёти хориҷӣ вуруд то нуқтаи таъйинотӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба муҳлати то панҷ шабонарӯз иҷозат дода мешавад.
Мамнӯъ шудани вуруди ронандаҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон
“Ҳамчунин воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи борҳои башардӯстона дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз пардохти хидматрасониҳои терминалӣ озод шудаанд”, илова кардааст Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки дар моҳи апрел тартиби муваққатӣ, ҳаракати нақлиёти боркаши байналмилалии автомобилӣ ва ронандагони онҳо то терминалҳои наздисарҳадии фаъолияткунанда ва дар ҳолати мавҷуд набудани чунин терминалҳо то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳади давлатӣ иҷозат дода шуда ва дар минтақаи мазкур барасмиятдарории гумрукӣ анҷом дода мешуд.