Ҷанҷолҳои калони хонаҳои танг: афзоиши хушунати хонаводагӣ дар замони “вируси корона”

© © Sputnik / Амир ИсаевДевочки плачут, архивное фото
Девочки плачут, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гузоришҳо ҳокиянд, ки “вируси корона” на фақат саломативу иқтисод, балки зиндагии хонаводагии мардуми Тоҷикистонро низ омоч гирифта, хушунати хонаводагиро афзудааст . Он чӣ, ки дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik, Фахриддин Холбек. Сабоҳат Бобоҷонова, муовини раҳбари маркази буҳронии “Гулрухсор”, ки дар шаҳри Хуҷанд бо занони мавриди хушунати хонаводагӣ қароргирифта сарукор дорад, мегӯяд, замони хонашинӣ аз дасти “вируси корона” ҷанҷолҳои оилавӣ афзуда, моҳи май 142 зан ба ин марказ муроҷиат кардаанд, ки бамаротиб аз моҳи апрел (50 маврид) бештар аст.

“Як сабаб шояд ин бошад, ки мо аз хона кор кардему мардум бо телефон муроҷиат карданд. Дуюм, вақте мардум хонагӣ шуд, ба ваҳму воҳимаи зиёд афтод. Чанд нафарро, ки худ қабул кардам, новобаста аз он ки маълумоташон олӣ аст ё соҳиби касбу коранд, ҳаросон буданд. Аз чӣ? На фақат аз гирифтор шудан ба беморӣ, балки аз масоили иқтисодӣ низ. Аввалҳо маълум набуд, ки ин маризӣ то кай идома меёбад ва мардум ба ин фикр афтода буданд, ки оё вазъи иқтисодии онҳо чӣ хоҳад шуд. Дигар ин ки чун зану шавҳар дар як хона буданд, дар масоили рӯзгор, ки чаро ин корро кардӣ ё инро не, чаро ину чаро он, ихтилофҳо ба миён омаданд”, - тавзеҳ дод Сабоҳат Бобоҷонова ба Sputnik Тоҷикистон.

Гузоришҳо дар бораи афзудани хушунати хонаводагӣ дар замони “вируси корона”, ки тамоми ҷаҳонро хонашин кард, аз саросари кишварҳо нашр мешаванд. Зоҳиран ихтилофҳо миёни зану шавҳар ва дигар аъзои оила дар пайи будубоши шабонарӯзӣ дар як як утоқ ё ҳавлӣ бештар ба миён меоянд ва мӯҷиби ҷанҷолу хархашаҳо мешаванд.

Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд сабаби афзоиши худкушӣ дар вилоятро шарҳ дод

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ, дар Тоҷикистон дар аксари маворид ин ихтилофҳо ба таври мусолиматомез миёни аъзои хонавода фурӯкаш мешаванд, аммо гоҳо зан ё мард дари марказҳои буҳрониро мегиранд.

Мардон ҳам ҳастанд

Маркази буҳронии “Гулрухсор” дар Хуҷанд фақат бо занҳо сарукор дорад, аммо ба қавли Сабоҳат Бобоҷонова, мардон низ дари ин марказро кӯфтаанд ва ба онҳо танҳо маслиҳат дода мешавад, ки ба равоншинос муроҷиат кунанд.

Вазъ дар вилояти Хатлон дар таърифи Баҳодур Тошматов, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Ғамхорӣ” андаке дигар аст. Мавсуф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин созмон маъмулан муроҷеинро ба хотири машваратҳои ҳуқуқиву кӯмакҳои равонӣ мустақим мепазирад, аммо замони хонашинӣ аз хатари “вируси корона” муроҷиатҳои телефонӣ низ зиёд шуданд.

“Чун коргоҳҳо баста, ҳаракати нақлиёт маҳдуд ва хонашинӣ илоҷи воқеа буд, моҳи май ҳудуди 45 нафар мустақим ва 37 нафари дигар тариқи телефони боварӣ бо мо тамос гирифтанд. Аз 1 то 17 июн бошад, 46 нафар мустақим муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 32 нафар зан ва бақия мардонанд. Хушунатҳо маъмулан ҷанбаҳои иқтисодӣ, ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва равонӣ доранд, Ихтилофҳо дар ҷои кору зист ба вуҷуд меоянд. Гоҳо ихтилофҳои хеле ҷиддӣ рух медиҳанд, ки ба далоили махфӣ будани мавзуъ, намехоҳам ба онҳо пардозам”, - гуфт Баҳодур Тошматов.

Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пошхӯрии оилаҳо дар Хатлон рӯ ба афзоиш аст

Гапи хона

Дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи хосест. Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон масъули Маркази машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ дар вилоят гуфт, ки тайи як моҳи ахир касе ба онҳо дар робита бо хушунати хонаводагӣ муроҷиат накардааст.

Набот Додихудоева, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Мадина” дар Хоруғ, ки низ бо масоили хушунати хонаводагӣ машғул аст, мегӯяд, замони хонашинӣ ё қарантина кори ин созмон тағйир накард.

“Ҳамон афроде ба мо муроҷиат карданд, ки қаблан ҳам мекарданд ва теъдоди онҳо хеле кам аст. Маъмулан мардуми кӯҳистон гапи хонаро ба кӯча намебароранд, аммо ҳастанд хонаводаҳое, ки ба таври муназзам ҷанҷолу хархаша мекунанд ва ба маслиҳати мо мешитобанд. Як рӯзи қабл дар ин мавзуъ ба утоқи хоси масоили хушунати хонаводагии раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Бадахшон муроҷиат кардам. Он ҷо гуфтанд, ки дар замони хонашиниҳо аслан касе муроҷиат накардааст”, - гуфт Набот Додихудоева.

На хушунат, на созмон

Армуғонҳо дар ин боб хабаринигори Sputnik Тоҷикистонро дар пойтахт – Душанбе интизор буд. Талошҳо барои суҳбат бо ду маркази буҳронии умда натиҷае надоданд. Бо яке аслан натавонистем тамоси телефонӣ барқарор кунем ва масъулини дигарӣ изҳор доштанд, ки вақти суҳбат надоранд.

Девушка с мобильным телефоном - Sputnik Тоҷикистон
Талоқ барои сӯҳбат бо ҳамсари дугона ё чаро оилаҳои тоҷик пош мехӯранд?

Маркази захиравие, ки дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо масоили хушунати хонаводагӣ машғул аст, шарҳе дар ин боб надод ва гуфт, ки барои маълумот бояд муроҷиати хаттӣ сурат гирад. Ин кумита дар саросари кишвар шуъба дорад, ки онҳо низ бо масоили хушунати хонаводагӣ сарукор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, Нафиса Юнусова, директори иҷроияи созмони ҷамъиятии «Маркази кӯмаки равонӣ” – шаҳри Душанбе, ки бо кӯмаки равонӣ ба тифлону занон машғул аст ва шуруъ аз моҳи равон тарҳеро ба манзури омӯзишӣ вазъи равонии аҳолии Тоҷикистон шуруъ кардааст, мегӯяд, гузоришҳои муқаддамотӣ ба иғтишош кашида шудани вазъи равонии ҷомиа ҳангоми хонашиниҳои замонаи “вируси корона” – ро собит мекунанд.

“Дар деҳот ҳама дар ҳавлӣ, як фазои боз будубош мекунанд. Аммо зиндагӣ дар утоқҳои танги бисёрманзилаҳои шаҳрҳо, бахусус барои оилаҳои серфарзанд, хеле сахт гузашт. Масалан, дар Маскав мардум замони қарантина ба бӯстонсароҳои худ рафтанд. Аммо аксари шаҳрнишинони мо чунин шароитро надоранд ва табиист, ки роҳи гурез аз ихтилофҳо нест. Оморе, ки то ба ҳол дорем ва дар охири моҳ ба нашр хоҳем расонд, ба афзудани хушунати хонаводагӣ далолат мекунад”, - гуфт Нафиса Юнусова.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки мавсуф мегӯяд, мардум ба равоншиносон кам рӯ меоранд, чун фикр мекунанд, ба онҳо фақат девонагон муроҷиат мекунанд.

Ҳаст, аммо...

Ниҳоди дигаре, ки бо хушунати хонаводагӣ машғул аст, вазорати корҳои дохилӣ аст. Вазорат дар тамоми раёсату шуъбаҳояш дар саросари кишвар утоқҳои хоси профилактикаи хушунати хонаводагӣ дорад.

Спящая девушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хушдоманҳои тоҷик аз он гила доранд, ки арӯсҳояшон бисёр хоб мекунанд

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хушунати хонаводагӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ин ниҳод қарор гирифтааст ва ин худ ба ин маънист, ки ин падидаи номатлуб ва ҳам ҷабрдидагонаш дар кишвар ҳастанд.

“Аммо дар ин бора, ки дар замони хонашиниҳо мизони хушунат то куҷо боло ё поин рафтааст, арқоми дақиқ дар даст надорем. Маъмулан пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи вазорат ҳама рӯшан ва маълумот дар ихтиёри ҷомиа қарор дода хоҳад шуд”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Аммо он чӣ тайи таҳияи ин гузориш ба даст омад, бигзор муште аз хирвор ҳам бошад, афзоиши хушунати хонаводагӣ дар кишварро бозгӯӣ мекунад ва ҳам далели хуруҷи на фақат маризиҳову мушкилоти иқтисодӣ, балки осебҳои маънавии ҷомиа аз сӯи “вируси корона” мебошад.

Лентаи хабарҳо
0