Дар Хоруғ дар дарёи Ғунд пули дарозтарин бунёд мешавад

© Sputnik / Рамиз БахтияровБлагоустройство набережной канала Дамаши в Ташкенте
Благоустройство набережной канала Дамаши в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳноии кӯпрук 15 метр ва дарозии он 100 метрро ташкил хоҳад дод. Иқтидори борбардории пулро 100 тонна гуфтааст

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар Хоруғ дар дарёи Ғунд пули дарозтарин бунёд мешавад, дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар додааст.

Гуфта мешавад, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов  ба мақсади ҳар чӣ зудтар оғоз бахшидан ба сохтмони пули калонтарин ва дарозтарин дар болои дарёи Ғунд дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ аз маҳали иншооти бунёдшаванда боздид намуданд.

"Лоиҳаи пули сохташаванда аз ҷониби бузургтарин ширкати лоиҳакашию купруксозии "Темелсу Интернешнли давлати Туркия" таҳия гардида, бо паҳноии 15 метр ва бо дарозии 100 метр бо иқтидори борбардории 100 тонна сохта хоҳад шуд", - менависад дафтари матбуоти раиси вилоят.
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
"Дасти ман кӯтоҳ аст": суҳбати Ёдгор Файзов аз тамдиди қарантина то қарзи бонкҳо

 Ёдгор Файзов  зимни шиносоӣ аз  лоиҳаи пул таъкид кардааст, ки кӯчонидани бинову иншооти зери сохтмон қарордошта бояд, дар доираи талаботи мавҷуда сурат гирифта, маблағи сокинон пардохт карда шаванд.

"Пули мошингузар  бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз 7 сутунпоя ва ду хатти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳарду тарафи ин пул роҳи пиёдагард сохта мешавад", - меафзояд манбаъ. 

Лоиҳаи пули мошингузар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ татбиқ гардида, ҷавобгў ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар асоси тарҳи мазкур панҷ хона, як мағозаю нуқтаи фурўши сӯзишворӣ ва дигар биноҳое, ки дар зери сохтмони роҳ қарор доранд аз ҷониби мутахассисони соҳа ҳисоб шуда, маблағи ин биноҳо пурра  ҷуброн карда мешаванд.

Дар ноҳияи Роштқалъа пули нави мошингард бунёд гардид

Аз тарҳи ин иншоот бар меояд, ки баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил бо дарозии 100 метр ҳамчунин роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ таҷдиду навсозӣ ва чароғон карда мешаванд. Мутахассисон изҳор намуданд, ки бо бунёд гардидани ин пул танбашавии нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур аз байн меравад.

Лентаи хабарҳо
0