Дар вилояти Хатлон дар ҷамоати шаҳри Қубодиён корхонаи истеҳсоли яхмосҳои ватанӣ таҳти бренди "Яхмоси Қубодиён" фаъолият мекунад.
Навори фаъолияти кормандони ин корхона дар шабакаи YouTube - и маъмурияти вилоят нашр шудааст.
Аз навор бармеояд, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба корхонаи мазкур ташриф оварда, раванди кори онҳоро мавриди санҷиш қарор дод.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Раҳмонов кушода шуда, се манотиқи ин вилоятро бо яхмоси ватанӣ таъмин мекунад.
Ҳамаи маҳсулот аз лиҳози сифат ҷавобгӯ ба стандартҳо буда, дар бозорҳо ва мағозаҳо Конибодом, шаҳритус ва Номири Хустарв фурӯхта мешаванд.