Ҳоли Иноятзода, раиси барканоршудаи Кӯлоб ва афзоиши дубораи беморон дар шаҳр

© Дафтари матбуотии ҳукумати ИстаравшанРаиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода
Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи хабарҳо дар бораи табобати Баҳром Иноятзода, раиси барканоршудаи Кӯлоб аз коронавирус, масъулини нашрияи "Пайк" аз ҳоли собиқ шаҳрдор пурсидаанд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Абдукарим Шокиров, сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб, ба "Пайк" хабар додааст, ки "баъди гирифтани табобат ҳоло саломатии собиқ шаҳрдор хуб аст, озодона нафас мекашад, иштиҳояш бад нест". Баҳром Иноятзода, ки ахиран бо фармони раисиҷумҳур барканор шуд, дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Больница Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Ҳисоботи нави Вазорат аз гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз COVID-19

Сардухтур афзудааст, ки теъдоди гирифторон ба бемории Коронавирус ва илтиҳоби шуш дар шаҳри Кӯлоб каме афзудаст. Ҳамагӣ як ҳафта қабл теъдоди беморон то ба 8 нафар коҳиш ёфта буд, ҳоло бошад дар беморхона 20 нафар бистарианд, хабар додаст Шокиров.

"Сабаби афзоиши беморонро мутахассис дар бепарвогии мардум мебинад. Дар шаҳр ҳар куҷо таҷаммуъи мардум эҳсос мешавад, ки аксарият бе ниқоби муҳофизатианд", - навиштааст нашрия.

Тағйирот баъди боздоштҳои КДАМ: раиси нави Кӯлоб кист?

Манбаъ аз қавли мақомоти тандурустӣ афзуд, ки дар маҷмӯъ бошад дар 25 ноҳияи вилояти Хатлон ҳамагӣ 66 нафар гирифторони бемории коронавирус ё илтиҳоби шуш дар беморхонаҳо бистарианд ва ба табобати муносиб фаро гирифта шудаанд.

Вализода Қодир, иҷрокунандаи мақоми раиси шаҳри Кӯлоб дар як сӯҳбати телефонӣ ба "Пайк" иттилоъ додаст, ки "ба тозагӣ 7 тонна маҳлули ба меъёр мувофиқи хлори моеъ дастрас карда вориди шаҳр гардонидем ва бо ҳамин маводи зарурӣ тавассути мошинҳои махсус кӯчаҳоро безарар гардонида истодаем".

Лентаи хабарҳо
0