ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Далели барканории Ҷонибек Қозибеков бо дастури Эмомалӣ Раҳмон гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуд, хабар дод телевизиони “Бадахшон”.
Дар ҷаласаи аъзои ҳизб дар Хоруғ, ки таҳти раёсати Хайриниссо Юсуфӣ, ноиби раиси ҲХДТ баргузор шудааст, Фелалиев Рустам Саидшоевич, роҳбари нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ интихоб гардид.
Манбаъ афзуд, ки номзадии Рустам Фелалиев бо розигии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ аз интихоби Рустам Фелалиев ба мақоми раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ тавсиф карда, изҳор доштааст, ки оилаи Фелалиевҳо ба ватан кадрҳои зиёд дода, ки содиқона хизмат кардаанд.
Рустам Фелалиев барои розигии Эмомалӣ Раҳмон барои таъйинаш ба роҳбарии ХҲДТ дар ВМКБ сипос гуфта, афзудааст, ки барои беҳбуди кори ҳизби ҳоким дар вилоят талош хоҳад кард.