ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба собиқ кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки алъон мубталои маризии коронавирус шудааст, мактуб ирсол намуд, хабар медиҳад котиботи президенти Ӯзбекистон.
Дар мактуби ирсолкардаи Мирзиёев чунин омадааст:
"Ман аз хабари мубтало шудани шумо ба бемории коронавирус хеле ташвишовар шудам. Мехоҳам бори дигар ба шумо, бародари азиз ва қадрдони ман изҳор мекунам, ки дар ин айёми душвор ман бо шумоям ва ҳамаҷониба дастгириятон мекунам".
Бояд гуфт, ки хабари гирифтор шудани Назарбоев ба маризии сироятии коронавирус дирӯз расонаӣ шуд ва феълан собиқ кишвардори Қазоқистон дар қарантини хонагӣ қарор дорад.
Роҳбари Ӯзбекистон изҳори итминон кард, ки дар ояндаи наздик Нурсултон Назарбоев бешубҳа бар ин вирус ғолиб меояд.
"Нурсултон Абишевичи гиромӣ, аз Худованди бузург хоҳиш мекунам, ки ба шумо саломатии комил, қувват, умри дароз ва комёбиҳои навро ҳадя кунад", - таманно намудааст Мирзиёев дар мактуби худ.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 18 - уми июн дафтари матбуоти Назарбоев навишта буд, ки вазъи собиқ раисҷумҳур новобаста аз натиҷа мусбии ташхис хуб аст.
"Ҷои нигароние нест", - афзудааст дафтари матбуот.
Таъкид мешавад, ки нахустин раисҷумҳур вазифаашро низ дар худинзивоӣ адо мекунад.