ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Рӯзномаи машҳури туркӣ Hurriyet матолибе дар мавриди мубталошавии ҳамсари Зеленский ба маризии коронавирус чоп намуд.
Аммо иштибоҳан ба ҳайси ҳамсари президент акси ҳунарманд ва сарояндаи маъруфи Русия Вера Брежневаро мунташир намуд.
Разлучница! То Меладзе из семьи уведет, то вот Зеленку подвинула.
— Луиза Чкалова (@luiza4kaLova_) June 18, 2020
Мендель будет в гневе pic.twitter.com/qG4LlOyaxt
Дар сайти расмии рӯзнома ин мавод рӯзи 17 - уми июн нашр шуд, вале баъдан бо дарки иштибоҳ, акси матолиб иваз шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамсари раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский мубталои маризии коронавирус шудааст.
Ҳамсари Зеленскийро фавран ба бемористон интиқол доданд
Чанд рӯз қабл расонаҳои ин кишвар хабар доданд, ки Елена Зеленский фавран ба бемористон интиқол ёфтааст ва таҳти назорати табибон қарор дорад.
Зимнан, худи президент ва фарзандони онҳо мубталои ин беморӣ нагардиданд.