Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор мешавад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаТаджикистан празднует День национального единства
Таджикистан празднует День национального единства - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур ташаккули арконҳои Ваҳдати миллӣ миёни насли ҷавон, расидан ба қадри оромиву осудагӣ гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор мешавад, гузориш медиҳад "Ховар".

Девушки аплодируют президенту Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Баргузории ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Гуфта мешавад, ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25 июни соли равон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" таҳти унвони "Бо Пешвои ваҳдатофарам ифтихор мекунам!"  баргузор хоҳад шуд.

"Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши  мазкур  ташаккули арконҳои Ваҳдати миллӣ миёни насли ҷавон, расидан ба қадри оромиву осудагӣ ва пеш аз ҳама ёдоварӣ аз хизматҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии Ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон мебошад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҷашни асосии Ваҳдати миллӣ имсол дар Мастчоҳ доир мегардад

Ҳамчунин дар доираи баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" муроҷиатномаи ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0