ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар ин бора қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус имрӯз содир шудааст, хабар медиҳад “Ховар”.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ахири ситод таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар тасмими мазкур гирифта шуд, ки аз 20-уми июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани туйи хонадоршавӣ иҷозат дода шавад.
Ба иттилои манбаъ, бино ба қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тӯйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то сад нафар даъват шуда ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода мешавад.
Ёдовар мешавем қаблан барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дар баробари дигар маҳдудиятҳо гузаронидани тӯйҳои арӯсиву домодӣ манъ шуда буданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа инчунин вазъи тадбирҳои вобаста пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар қаламрави мамлакат ва фаъолияти минбаъдаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баррасӣ шуданд.