Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19
Пробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Русия эълом намуд, ки озмоиши ваксин алайҳи маризии коронавирус дар кишвар оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар Русия озмоиши клиникии ваксин алайҳи вируси  SARS-CoV-2 оғоз ёфтааст, иттилоъ медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

 Медицинские работники в международном аэропорту Ухань-Тяньхэ, Китай  - Sputnik Тоҷикистон
Ваъдаи Чин ба ҷаҳон: ҳамаро бо ваксин алайҳи COVID - 19 таъмин мекунем

Бар хабари манбаъ, алъон мутахассисон самаранокӣ ва бехатарии шаклҳои моеъ ва лофилизатсияшудаи ваксинаҳои коронавирусро таҳқиқ мекунанд.

"Левилимаб": дуюмин доруи зидди COVID - 19 дар Русия аз сӯи Вазорати беҳдошт тасдиқ шуд

Дар озмоиш ду гурӯҳи ихтиёриён иборат аз 38 - нафарӣ иштирок мекунанд.

"Ваксинаи дар шакли маҳлул, ки тариқи сӯзандору гузаронда мешавад дар госпитали ҳарбии Бурденко озмуда мешавад. Дигаре, ки дар шакли хока барои тайёр кардани маҳлул аст дар Донишгоҳи Сеченовский мавриди озмоиш қарор мегирад", - таъкид гардидааст дар хабар.

Ҳар ду ваксина аз ҷониби мутахассисони Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф.Гамалей таҳия шуда, иҷозат барои гузаронидани санҷишро як рӯз қабл, санаи 16 - уми июн дарёфт намуданд.

Зикр мегардад, ки пас аз эмкунӣ, ду гурӯҳ ихтиёриёнро ба муддати 28 рӯз дар бемористон хобонда мешаванд.

Зимнан, пизишкон вазъи саломатии онҳо ва раванди ташаккул ёфтани масуният дар бадани онҳо алайҳи ин вирусро тариқи тестҳои хун назорат мекунанд. Инчунин пас аз анҷоми озмоиш, ҳамаи ихтиёриён ба муддати якуним сол таҳти назорати табибон қарор мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0