Шарҳи худсӯзии Ҳоҷӣ Зариф пеши идораи молия: аз 21,5 ҳазор сомонӣ қарз то таъсири Сovid-19

© wikimedia.org/IbrahimjonПри въезде в Куляб, архивное фото
При въезде в Куляб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти молияи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, шартномаи таъмини ғизои муассисаҳои томактабӣ на бо Зариф Абдуллоев, ки худсӯзӣ кард, балки бо бародараш Файзулло Абдуллоев баста шудааст

ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Қарзи боқимонда дар назди Абдуллоевҳо 21 ҳазору 549 сомонӣ буда, мутасаддиён мегӯянд, аллакай пулро ба суратҳисоби Файзулло Абдуллоев гузаронидаанд, хабар додааст нашрияи “Садои мардум”.

Родители просят не закрывать единственную русскую школу в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Ҳоҷӣ Зариф, ки худро дар Кӯлоб оташ зад

Раҳмон Одинаев, сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб дар мавриди худсӯзии Зариф Абдуллоев, маъруф бо Ҳоҷӣ Зариф изҳор доштааст, шартнома на бо марҳум балки бо бародараш баста шуда буд.

“Марҳум бо Раёсати молияи шаҳр шартнома надошт ва набояд норозигӣ карда, худро дар назди корхона оташ мезад, зеро соҳибкори инфиродие, ки бо муҳру имзо бо муассисаҳои томактабӣ шартнома дорад, бародари ӯ - Файзулло Абдуллоев аст, на ӯ. Бародарон метавонистанд барои маҷбуран ситонидани қарзашон, тибқи бандҳои шартнома, ба суди иқтисодӣ муроҷиат менамуданд. Аз тарафи дигар, паҳншавии бемории сироятии Сovid-19 ба иқтисодиёти шаҳр низ таъсири манфӣ расонда, нақшаи андозу буҷет иҷро нагардид. Аз ин рӯ, имкон набуд, ҳатто музди меҳнати як қисми муассисаҳои буҷетиро пардохт кунем”, - изҳор доштааст Одинаев.

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: коркунони "Роғун" аз пардохт нашудани маошашон шикоят мекунанд

Нашрия инчунин бандҳои шартномаро овардааст, ки дар он аз ҷумла омадааст, "фурӯшанда" (манзур Ф. Абдуллоев) вазифадор мегардад ба "Харидор", ки маводи хӯроквориро дар ҳолати зарурӣ то аз ҷониби "Харидор" пардохт намудани маблағ, қарз бидиҳад”

Дар банди дигар таъкид шудааст, ки “Харидор” вазифадор мегардад, ки ҳатман маблағи хӯроквории аз “Фурӯшанда” қарзгирифтаро пардохт намояд”.

“Садои мардум” иттилоъ додааст, ки солҳои 2018-2019 ва панҷ моҳи соли 2020 аз ҷониби Файзулло Абдуллоев ба муассисаҳои томактабии шаҳр дар ҳаҷми 214 ҳазору 637 сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ расонида шудааст.

Родители просят не закрывать единственную русскую школу в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Ҳоҷӣ Зариф, ки худро дар Кӯлоб оташ зад

“Барои ин тавассути шуъбаи хазинадории Раёсати молия соли 2018-ум 57 ҳазору 148 сомонӣ, соли 2019-ум 132 ҳазору 960 сомонӣ ва соли 2020-ум 2 ҳазору 980 сомонӣ маблағ пардохт шудааст. Масъулон муҷиби дар соли 2020 кам пардохт шудани маблағи Абдуллоевро таъсири бемории коронавирус ба иқтисодиёти шаҳр арзёбӣ мекунанд. Қарзи боқимондаи Абдуллоевҳо 21 ҳазору 549 сомонӣ мебошад. Мутасаддиён мегӯянд, аллакай пулро ба суратҳисоби Ф. Абдуллоев гузаронидаанд”, - навишт нашрия. Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳама ҷанбаҳои қазия бояд таҳқиқ шавад.

Лентаи хабарҳо
0