ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Муродов Шарифхон дар вазифаи Командири взводи Мактаби таълимии “Пойтахт”-и қисми ҳарбии №0123 кор карда истода, ба чунин аъмол даст задааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои пеш аз муҳлат аз хизмати минбаъдаи ҳарбӣ озод намудани бародараш-шаҳрванд “Б” маблағи 30000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуд.
“Дар баробари ин, Муродов Ш.Т. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, санаи 19 феврали соли 2020 шаҳрванд “А”-ро ба меҳмонхонаи ҶДММ “Сино-555”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, даъват намуда, аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ баръало баромада, бо истифода аз ҳолати оҷизии охирин талаботҳои шаҳвонии худро бо ӯ қонеъ кард”,-афзудааст манбаъ.
Оҷонсӣ мегӯяд, оид ба ин ҳолат нисбати Муродов Шарафхон бо моддаҳои 391 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Феълан назари айбдоршаванда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳом маълум нест.