ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1460 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1485 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки 15 июн рубл дар бозори нақдии Тоҷикистон то 0.1500 сомонӣ арзиш дошт.
Доллар бошад пас аз суқути чандинвақта майли гаронӣ дорад ва мутахассисон низ қаблан болоравии онро пешгӯӣ карда буданд.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3075 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба рӯзи гузашта болотар аст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6011 то 11.8000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ поин аст.
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".