Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пас аз қарантин: ду коргоҳи бузурги нассоҷӣ дар Хуҷанд ба кор баргаштанд

© Sputnik / Стас ЭтвешНа фабрике по производству тканей, архивное фото
На фабрике по производству тканей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи "САТН" ва "Ҷавонӣ" ду коргоҳи бузурги нассоҷӣ дар вилояти Суғд мебошанд, ки пас аз қатъи қарантин дубора ба фаъолият оғоз намуданд

ДУШАНБЕ, 16  июн — Sputnik. Корхонаи "САТН" пас аз маҳдудкуниҳои муваққатӣ бо иқтидори пурра фаъолияти худро ба роҳ монда, зиёда аз 500 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд, хабар медиҳад котиботи вилояти Суғд.

Производство медицинских масок - Sputnik Тоҷикистон
Ҷалби донишҷӯён ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон

Ба хабари манбаъ, корхонаи мазкур бо риояи тамоми қоидаҳои гигиенӣ машғул ба кор шудааст.

"Аз даромадгоҳ ҳар як корманд пас аз безараргардонӣ вориди бино мешавад. Ҳамчунин кормандон бо ниқоби тиббӣ ва оина барои чашмон таъмин мебошанд, ки ин бевосита ба нигаҳдории саломатӣ ва пешгирӣ аз сироятёбӣ равона карда шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Пешгирии коронавирус дар Тоҷикистон: вазир ба коргоҳи истеҳсоли ниқоб рафт

Зимнан, корхонаи "Ҷавонӣ" низ бо риояи қоидаҳои санитарӣ бо 1000 кормандаш ба фаъолият пардохт.

Фаъолияти асосии корхона ин коркарди нахи пахта ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсолии он то 1250 тонна дар як сол мебошад. Дар коргоҳ аз пахта матоъ истеҳсол гардида ҳамзамон сарулибос аз матои соф пахта  омода карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сар аз 15 - уми июн маҳдудиятҳое, ки дар Тоҷикистон дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус ҷорӣ карда шуданд, лағв гардиданд.

Ҳамакнун дари аксар корхонаву тарабхонаҳо, бозору мағозаҳо ба рӯи муштариён боз аст.

Лентаи хабарҳо
0