Тағйироти кадрӣ: Раҳмон қарорҳои нави Ҳукуматро имзо намуд

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба ҷои Сайрам Бақозода ба мақоми муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Рустамоваро таъйин кард

ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Дилафрӯз Рустамова, ки ноиби декани факултаи журналистикаи ДМТ буд, моҳи марти соли равон ба мақоми мудири Радиои Тоҷикистон таъйин гардид ва феълан вазифаи ноиби раиси Кумитаи телевизион ва радиоро гирифт.

Государственных флаг на флагштоке в городе Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати шаҳрдорӣ барои роҳ надодани сокинони навоҳӣ ба Хоруғ то 20 июн

Шамсуддинзода Субҳиддин, ки то ҳол мудири шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" буд, муовини аввали Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Бо қарори Ҳукумат, Субҳиддин Шамсуддинзода, дар мақоми муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозодаро иваз кард.

Даргузашти Шералӣ Мирзоев дар беморхонаи сироятии Кӯлоб-акс

Феълан маълум нест, ки ба мақоми роҳбари Радиои Тоҷикистон ва шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон киҳо таъйин мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0