ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Тибқи раддабандии нави ФИФА Тоҷикистон бо 1152 имтиёз дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё дар ҷойи 22 қарор дорад.
Ёдовар мешавем, нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги дастаҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли 2013 буд, ки ябора 40 зина боло рафта дар ҷойи 106-ум қарор гирифта буд.
Бадтарин нишондиҳандаи тими яккачини футболи кишвар соли 2003 буд, ки дар зинаи 180 қарор гирифт.
Тибқи ҷадвали раддабандӣ кишварҳое, ки бо имтиёзҳои баландтарин ба даҳгонаи аввал шомил шудаанд, инҳо мебошанд: Белгия - 1765; Фаронса - 1733; Бразилия - 1712; Англия - 1661; Уругвай - 1645; Хорватия - 1642; Португалия - 1639; Испания - 1636; Аргентина – 1623 ва Колумбия - 1622.
Миёни мамлакатҳои ИДМ дар сегонаи аввал Русия – бо 1470 имтиёз дар ҷойи 38 - ум, Ӯзбекистон бо 1289 хол дар зинаи 85 ва Белоруссия бо 1280 имтиёз дар ҷойи 87 қарор гирифтаанд.
Қирғизистон бошад дар ҷойи 96, Арманистон - 102, Озарбойҷон - 114, Қазоқистон - 118, Тоҷикистон - 121, Туркманистон -129 ва Молдова дар зинаи 175 қарор гирифтааст.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад.