Мард вафодории ҳамсарашро санҷид - видео дар YouTube 35 миллион боздид гирифт

Обуна шудан
Ин навор дар шабакаи Ютуб чор сол пештар мунташир шуда буд. То имрӯз онро 35 миллион бор тамошо кардаанд

Марде хост вафодории ҳамсари ҷавонашро санҷад. Барои амалӣ кардани мақсади худ, ӯ нақшаеро тарҳрезӣ кард.

Зан аз нақшаҳои шавҳар бехабар, ба кори хона машғул буд. Мард дар мактубе ба занаш навишт, "ман аз ту меравам.  Дигар наметавонам бо ту зиндагӣ кунам" ва онро дар рӯи мизи назди кати хоби ҳуҷраашон гузошт.  Худаш зери кат пинҳон шуд ва интизор шуд.

Невеста решила проучить жениха на пороге ЗАГСа - но что-то пошло не так - Sputnik Тоҷикистон
Аввал арӯс аз домод гурехт, охир домод аз арӯс - навори рӯзи тӯй

Ҳамсараш ба ҳуҷра даромада, каме гирди оина давр заду чашмаш ба мактуб афтод.

Аввал чеҳраи зан тира шуд, сипас бо лабханде паси мактуб чизеро навишта мекунад.

"Алло, азизам. Бовар мекунӣ, шавҳарам аз ман рафт. Намедонам барои чӣ ман ба ӯ шавҳар кардам. Аммо ҳаммааш паси сар шуд. Ман танҳо туро интизор будам. Пас аз чанд лаҳза ба наздат меоям", — мегӯяд зан.

Зан сару либоси зебоеро ба бар мекунаду аз хона мебарояд. Ин вақт мард сӯҳбати ҳамсарашро гӯш мекарду об аз дидагонаш мерафт. Ӯ пас аз чанд лаҳза худро ба даст гирифту аз ҷой бархост. Чашмаш ба мактуб афтод, ки навишат шуда буд, "Беақл, ман ба нонхарӣ меравам. Пойҳоят аз зери кат намоён буданд".

Мард ин сатрҳоро хонда беихтиёр ханда мекунад. Навори санҷиши вафодории ҳамсар ду сол пеш дар шабакаи Ютуб мунташир шуда буд. Муаллифони он ҷавонони қирғиз мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0