67 тонна семент: кумаки Покистон ба осебдидагони сел дар Хуросон

Обуна шудан
Ба осебдидагони сел дар ноҳияи Хуросон кумаки навбатии башарӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Покистон дар Тоҷикистон расид

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Сокинони Хуросон, ки хонаҳояшон дар паи сели шадид валангор шуд, дар мавзеъи нав - Чорбоғ ба бунёди манзилҳо шуруъ карданд.

Бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба осебдидагони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кумакҳои нав расиданд. 

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ба зарадидагони деҳаи Чорбоғи ҷамоати Садриддин  Айнии ноҳияи Хуросон 67 тонна семент чун ёрии башарӣ кумак намуд. 

Боздиди Ҳакимзода аз Чорбоғ, маҳаллаи навбунёд барои сокинони зарардидаи Хуросон

Дар маросими таҳвили ёрии башарӣ сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник М. Салимзода, ҳамчунин намояндагони ҳукумати иҷроияи вилоят ва ноҳия ширкат намудаанд.   

"Сафир зимни суханронии худ изҳор дошт, ки халқи Покистон ҳамеша омодаи кумак ба бародарони тоҷики худ мебошад", - омадааст дар хабарнома. 

Кумак бо техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ноҳияи осебдида расонда шуд ва бо иштироки намояндагони комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ба осебдидагон тақсим карда шуд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода афзуда, ки ҷараёни корҳои барқарорсозии харобаҳои сел ва сохтмони биноҳои нав барои осебдидагон зери назорати КҲФ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0