Даргузашти Шералӣ Мирзоев дар беморхонаи сироятии Кӯлоб-акс

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шералӣ Мирзоев, корманди мақомоти қудратӣ, падари се фарзанд дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Шералӣ Мирзоев, ки солҳо дар мақомоти қудратӣ ифои вазифа намуда, то рутбаи майор расида буд, дар синни 52 -солагӣ аз ин бемории мудҳиш дар беморхонаи сироятии шаҳри  Кӯлоб даргузашт, хабар дод Саъдӣ Маҳдӣ, ҳамкурси Мирзоев дар саҳифаи фейсбукияш.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба хонаводаи марҳум, ки аз худ ҳамсару се фарзанд боқӣ гузоштааст, ҳамдардӣ баён кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир дар Тоҷикистон аз марги чандин нафар кормандону собиқадорони мақомоти қудратӣ хабар дода шуд.

Абдураҳмон Субҳонов, афсари милиса - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти майори ҷавон: писари собиқ муовини вазир ва соҳиби 5 фарзанд

Ахиран аз даргузашти генерал-майор Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин, собиқ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Шамсзода 10 июн дар синни 58-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Сабаби марги марҳум гуфта нашудааст.

Бар асоси ҳолнома, Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин 22 январи соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1985 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, дар мақомоти гуногун кор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0