Ёрӣ дар роҳ: ташхисгарони Бритониё, Олмон ва Русия ба Тоҷикистон меоянд

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкГоспиталь COVID-19
Госпиталь COVID-19  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон мутахассисони ташхиси лаборатории Бритониё, Олмон ва Русия омада, ба ҳамтоёни тоҷик дар мубориза бо COVID-19 кумак хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” сарвари муваққатии намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт  дар Тоҷикистон Бахтигул Кориева зимни онлайн-конфронси матбуотӣ дар Женева иттилоъ дод, ки мутахассисони ин се кишвар дар  мубориза бо вируси нав таҷрибаи зиёд дошта, ташрифи корияшон ба Тоҷикистон айни муддао ва судбахш аст.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо табибони лаҳистонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чунинро интизор набудем: табибони Лаҳистон дар бораи мубориза бо сovid 19 дар ВМКБ

Ба гуфтаи вай, соҳаи тандурустии Олмон бо мутахассисони варзида, технологияи муосири муолиҷаи бемориҳои гуногун шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Табибони англису рус низ дар олами тиб чеҳраҳои шинохтаанд.

“Чун онҳо ба мубориза бо вируси нав хеле пештар шурӯъ намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати он таҷрибаи хуби амалӣ андӯхтаанд, ташрифи корияшон ба Тоҷикистон айни муддао ва судбахш аст. Бо истифода аз таҷрибаи онҳо мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои кишвар ташхиси тестии коронавирусро ба таври густурда ба роҳ мемонанд”, - қайд кард хонум Бахтигул Кориева.

Бояд гуфт, ки то имрӯз дар Британия 292 ҳазор, Олмон 187 ҳазор ва Россия беш аз ним миллион ҳодисаи сироят ба коронавирус расман ба қайд гирифта шудааст

Намояндаи ин ниҳоди байналмилалӣ гуфт, ахиран бо мусоидати СҶБ ба Тоҷикистон мутахассисони лаҳистонӣ омаданд. 16 корманди тибби ин кишвар муддати як дар Тоҷикистон бо табобати гирифторони коронавирус ва коҳишдиҳии паҳншавии он машғул мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0