Зулайхо, Мадина ва Меҳрнигор - се овозхони зеботарин аз нигоҳи чиниҳо - акс

© © Sputnik / Амир ИсаевМадина Акназарова
Мадина Акназарова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як расонаи чинӣ дар феҳристи 13 зани сарояндаи зебои Осиёи Марказӣ се бонуи овозхони тоҷикро низ зикр кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Як расонаи чинии минтақавӣ се овозхони тоҷик - Зулайхо Маҳмадшоева, Мадина Ақназарова ва Меҳрнигори Рустамро дар рӯйхати зеботарин зонони ҳунарманди Тоҷикистон ворид кардааст.

Нашрияи "Роҳи Абрешими нав" дар сомонааш зеботарин бонуҳои овозхони Осиёи Марказиро муаррифӣ кардааст.

Дар ин сомона сенздаҳ сароянда аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун зеботарин овозхон муаррифӣ гаштаанд.

 " Ба ҳама маълум аст, ки Осиёи Марказӣ бо чеҳраҳои зебои бонувони худ хеле маъруф аст, вале дар баробари зебо будан ҳастанд хонумҳое, ки истеъдоди баланд доранд", - навиштааст муаллифи гузориш.

Дар муаррифии Зулайхо Маҳмадшоева дар зершарҳи акс "овозхони ҷавони поп аз Тоҷикистон", Мадина Акназарова - "овозхони поп, духтари ҷавон бо садои зебо ва дорои симои шарқиёна" ва дар бораи Меҳрнигори Рустам "овозхон ва оҳангсози тоҷик, ки дар садҳо маҳфил ҳунарнамоӣ кардааст ва дастовардҳои зиёд овардааст" навиштааст.

Аз кулчапазӣ то нашри нахустин суруд ба забони шуғнонӣ: Мадина дар замони COVID - 19

Аз кишварҳои ҳамсоя Шаҳзода, Лола Юлдошева, Райҳон, Анжелика, Нозима, Чолпон ва дигарҳо интихоб шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0