ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биратнов гирифтори COVID - 19 шуд.
Айни ҳол, вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биратнов дар яке аз беморхонаҳои сироятии шаҳри Нур-Султон бистарӣ шудааст.
"Маҷбурам хабари бадеро бароятон бирасонам. Таҳлили ташхиси охирини ман аз коронавирус мусбат баромад. Мутаассифона ин беморӣ бе нишонаҳо нест ва ман дар яке аз табобатхонаҳои пойтахт бистарӣ шудам", - навиштааст Биртанов дар саҳифааш дар фейсбук.
Биртанов қайд кард, ки ба ҳамаи чораҳои зидди эпидемикӣ нигоҳ накарда, хавфи гирифторшавӣ ба коронавирус дар ҳамаи ҷо ҳаст.
"Ин бештар ба онҳое тааллуқ дорад, ки имкони дуркориро надоранд. Вақтҳои охир дар чанд минтақа афзоиши гирифторони COVID - 19 миёни соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ, пизишкон ва кормандони расонаҳо бештар шудааст", - афзуд Биртанов.
Аз боздиди қонун то содироти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ: олимони тоҷик чӣ ваъда доданд?
Вазири беҳдошт аз мардуми Қазоқистон даъват кард, ки карантинаи шахсиро риоя кунанд ва ба тавсияҳои пизишкон гӯш диҳанд.
"Агар шумо нишонаҳои аввалини ин беморӣ: камҳаракатӣ, дарди сар, гурӯдард ва табъи баландро эҳсос кардед албатта ба духтурон муроҷиат кунед", - гуфт вазир.