КҲФ: оқибатҳои сел дар Роғун бартараф мешавад

© Саҳифаи Навиди Cуғд дар ФейсбукОқибатҳои сели азим дар Панҷакент
Оқибатҳои сели азим дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз харобкориҳои сел, ки дар шаҳри Роғун фаромад, хабар дода мегӯяд қоибатҳои он бартараф карда мешавад

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки оқибатҳои сел дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун рӯзи 12-уми  июн бартараф карда шудааст.

"Аз тарафи НБО шаҳри Роғун бо ҷалби 1 эксковатор 315 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва 120 метр роҳ тоза ва барқарор карда шуд. Корҳо дар ин самт идома дорад", - омадааст дар хабарнома.

Маврид ба ёдоварист, ки соати 16:00 дақиқаи рӯзи 9-уми июн бар асари бориши боронҳои пуршиддат ва жола дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун сел омад.

Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Сел дар Роғун: талафоти ҷонӣ надошт, аммо роҳу пул ва сутунҳои хатти барқиро хароб кард

Сел роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии деҳаҳои Луғури боло, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бек ва 3 пули хурд, 4 симчуби чубини барқиро қисман хароб намуда, 3 чорвои калони  сокинони деҳаи Санги Сурхро нобуд карда буд.

КҲФ ҳамчунин аз омадани сел дар ноҳияи Лахш хабар додааст, ки хушбахтона ҳеҷ зиёне дар пай надоштааст.

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳоифавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Лахш рӯзи 12-уми июни соли 2020, соати 17:50 дақиқа дар  километри 250 шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол-Саритош,  ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, ба дарёчаи Арчакапа сел рехт ва қисман пеши роҳи дарёи Сурхоб баста гардид.

Манбаъ афзуда, ки сардорони шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод ба аҳолие, ки дар назди соҳили дарёи Сурхоб истиқомат доранд, ҳодисаи баамаломадаро хабар доданд ва онҳоро ба ҳар рӯйдоди эҳтимолӣ омода сохтанд.

Лентаи хабарҳо
0