ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Амаки Далер Назаров - Аскар Абдураҳмонов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, Ходими хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, професссор рӯзи 9 июн дар паи бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид.
Назаров амакашро инсоне дарёдил, сулҳофар ва хандонрӯй тасвир кардааст.
"Ҳастанд инсонҳое, ки бо ҳастии худ ба дигарон сулҳ меоваранд. Чуноне зиндагӣ мекунанд, ки бо дидани онҳо ҳамаи мушкилиҳо бартараф мешавад. Амакам Аскар аз чунин шахсиятҳо буданд. Табассумашон доим бо ӯ буд. Ҳамаи ин хислатҳо монанди бародари бузургаш - Меҳрубон - падарамон буд", - навиштааст Далер Назаров.
Аз замони хурдсолӣ ёд карда Далер Назаров навиштааст, ки аввалин гиторе, ки ӯ ба даст гирифта буд, аз они амакаш буд.
Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт
"Он гитори зебо ва бузурге буд. Ҳамаи умр амакам бо вуҷуди мубораки худ зиндагии маро рӯшанӣ мебахшид. Ӯ боре ҳам маро насиҳат накардааст. Бо ман чун дӯст доим ошкоро буд. Ӯ ҳамаи ҳунарҳоро дошт, вале муҳимтар аз ҳама ӯ инсони комил буд", - навиштааст маэстро.
"Боре ман аз ӯ пурсидам. "Амак, ман ҳеҷ гоҳ туро бе табъ надидаам. Чӣ гуна ин ба ту даст медиҳад? - дар посух ӯ гуфт: "ин кӣ чизе нест", - ба ёд меорад Далер Назаров ва мегӯяд аз чунин посухи амакаш ба ваҷд омад.
Аскар Абдураҳмонов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, Ходими хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, професссор пас аз хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Маскав тамоми кӯшишу ғайраташонро барои кушодани Институти давлатии санъати Точикистон ва пойдор гардондани кафедраи маҳорати актёрӣ бедарег ба роҳ мемонданд.
Имрӯз дар тамоми театрҳои касбии Тоҷикистон шогирдони Аскар Абдураҳмонов анъанаи неки театрии кишварро пойдор мегардонанд.
Аҳли фарҳангу ҳунар бо хонаводаи Аскар Абдураҳмонов изҳори ҳамдардӣ кардаанд.