ДУШАНБЕ, 13 июн - Sputnik. Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 сурат гирифт, хабар дод сомонаи телевизиони Варзиш.
“Дар рафти нишаст дастаҳо дар бораи шакли баргузории мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон -2020 андешаронӣ карда ба хулосае омаданд, ки бозиҳои ҳар даври мусобиқот аз як вохӯрӣ иборат мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки аз миёни 12 дастаи иштирокчии марҳилаи муқаддамотӣ шаш бошгоҳ ба даври ниҳоӣ роҳхат пайдо мекунанд.
Дар пайи қуръакашӣ ҷуфтҳои марҳилаи муқаддамотӣ, Ҳосилот (Фархор) - Моҳир (Ёвон), Саройкамар (Панҷ) – Панҷшер (Ҷ.Балхӣ), Равшан (Кулоб) - Ҳулбук (Восеъ), Равшан (Зафаробод) – Шоҳмансур (Душанбе), Исфара (Исфара) –Эсхата (Хуҷанд), Ваҳдат (Ваҳдат) – Барқчӣ (Ҳисор) муайян карда шуданд.
Манбаъ илова намуд, ки Санаи баргузории вохӯриҳо дертар аз ҷониби ЛФТ нашр карда мешавад.