Ҳақиқатро бояд гуфт: суҳбати раиси ВМКБ аз беморони бистаришудаи охир ва лағви маҳдудият

© акс аз саҳифаи рӯзномаи "Оинаи зиндагӣ"Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ омори ҳаррӯзаи бистарӣ шудани сокинон дар беморхонаи Хоруғро ироа карда, таъкид намуд, ки маҳдудиятҳои ҷории марбути коронавирусро набояд фавран бекор кард

ДУШАНБЕ, 13 июн - Sputnik. Ёдгор Файзов дар мулоқот бо ризокорони ВМКБ гуфт,  феълан масъалаи ҳифзи саломатии мардум дар навбати аввал қарор дошта, дар ин бора набояд ба саҳлангорӣ роҳ дод ва маҳдудиятҳои ҷорӣ дар робита бо коронавирусро фавран бекор кард.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз харҷу дахли хазинаи мубориза бо коронавирус

Раиси ВМКБ таъкид намудааст,  ки ҳақиқатро бо амри воқеъ ва далелҳои мавҷуда бояд баён намуд ва омори бистарӣ шудани сокинон дар табобатхонаи Хоруғ тайи рӯзҳои охирро пешниҳод кард.

“Рӯзи 10 июни соли 2020 дар табобатхонаи шаҳри Хоруғ ҳамагӣ нӯҳ нафар бистарӣ шуда буд, ки аз инҳо шаш нафар аз шаҳри Хоруғу се нафар аз ноҳияи Шуғнон мебошанд. Таърихи 11 июни соли равон бошад дар ин беморхона 16 нафар сокинон, ки аз онҳо 11 нафар сокинони шаҳри Хоруғ ва панҷ нафар аз ноҳияи Шуғнон, рӯзи 12 июни соли равон дар беморхона ҳамагӣ ҳафт нафар бистарӣ шуда буданд, ки аз онҳо чор нафар аз ноҳияи Шуғнон ва се нафар аз Хоруғ мебошанд”, - гузориши дод нашрияи маҳаллии “Оинаи зиндагӣ” аз қавли Файзов.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо табибони лаҳистонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чунинро интизор набудем: табибони Лаҳистон дар бораи мубориза бо сovid 19 дар ВМКБ

Ӯ афзудааст, ки албатта агар чунин тамоюли пастравии беморӣ давоми чанд рӯзи дигар идома ёбад, барои бо тадриҷ бардоштани маҳдудиятҳои ҷорӣ то санаи 20 - 25 июни соли 2020 имконият аст ва дар ин кор ҳамкории ҳамаи табақаҳои ҷомеа муҳим мебошад.

Ёдгор Файзов ва Кишвар Шамирӣ, раиси шаҳри Хоруғ, дар симои фаъолони гурӯҳи волонтёрони "Даст ба даст", Мақсуд Ғаёсов ва Комёр Мирзоев ба  кулли волонтёрони ВМКБ, ки дар рӯзҳои сахту душвор ташаббуси хайрхоҳона, шуҷоат, ҷавонмардӣ ва лутфу сахои беинтиҳо нишон дода, ба хотири пешгирӣ аз бемории нави COVID-19 ва эмин нигоҳ доштани сокинон аз он шабонарӯзӣ дар хизмати мардум буданд, изҳори сипос намудаст.

Лентаи хабарҳо
0