Омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ дар Хатлон: ҷавононро ронандагиву ошпазӣ ва ... меомӯзанд

© SputnikСолдаты маршируют, архивное фото
Солдаты маршируют, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар даъвати баҳории наваскарон фарзандони 242 мансабдори давлатӣ аз вилоят ба сафи артиш ҷалб гардиданд

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik.  Бо қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020”, тобистони соли ҷорӣ беш аз 1200 нафар ҷавонони хатлонӣ аз курсҳои ройгони омӯзишии ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ, асосҳои компутар ва ғайра гузашта, соҳиби гувоҳномаҳо хоҳанд шуд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустам дар бораи даъвати тирамоҳӣ ва пешниҳоди рӯйхати дақиқи ҷавонони синни хизмат

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи ахираш қарор дар бораи омодагиҳо ба мавсиси тирамоҳии даъвати наваскарон ба артишро имзо карда,  ба масъулини вилоят гуфтааст, хизмати ҳарбиро дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳаматарафа тарғибу ташвиқ ва дар васоити ахбори умум инъикос намоянд.

Умед Солеҳзода,  Комиссари ҳарбии вилоят гуфтааст, дар даъвати баҳорӣ 863 нафар ҷавонписарон баъди хатми курсҳои ронандагӣ ихтиёран ба сафи артиш шомил шуданд.

“Ҷавонони хатлоние, ки ба сафи артиши миллӣ пайвастанд, 274 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 21 нафар бо маълумоти миёнаи махсус буданд. 30,7%-и ҷавононе, ки ба қисмҳои низомӣ барои адои хизмат фиристода шуданд, мутахассисони соҳибкасб, аз ҷумла ронандаҳои нақлиёт, устои компютер, кафшергар, ошпаз, барқчӣ, сартарош ва ғайра мебошанд”,-афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар даъвати баҳорӣ фарзандони 242 мансабдори давлатӣ аз вилоят ба аскарӣ ҷалб гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0