Даромади хуб доранду андоз намесупоранд: пули ҷарима беш аз 2 баробар зиёд шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нарзулло Маликзода, ноиби раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, андозгурезиҳо дар кишварро ба ҷаримаҳои кам барои соҳибкорӣ бидуни қайди давлатӣ рабт дод. Парлумон ҷарима барои соҳибкорӣ бидуни қайдро беш аз 2 баробар зиёд намуд

ДУШАНБЕ, 13 июн - Sputnik. Маликзода зимни ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон, гуфт, 20 – 30 фоизи шахсони воқеие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, бар хилофи қонунгузорӣ худро ба қайд намегиранд, ки чунин ҳолат ба интизоми андозсупорӣ таъсири манфӣ расонида, миёни соҳибкорон рақобати носолим ва мутаносибан норизогиро ба миён меорад.

Маликзода сабаби андозгурезиҳоро ба андозаи ками ҷарима рабт дод

Ноиби раиси Кумитаи андоз сабаби ин ҳолро ба камсамар будани ҷаримаҳо барои соҳибкорӣ бидуни қайди давлатӣ рабт дод, ки феълан аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисоб, муодили 1740 сомонӣ то 2320 сомониро ташкил медиҳанд.

Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз баҳси “баҳои ду" то муҳлат барои ислоҳ: ёвари Президент сафараш ба Мастчоҳро шарҳ дод

Маликзода 1740 то 2320 сомониро кам хонда, тағйирот дар Кодекси ҳуқуқвайронкуниро пешниҳод намуд, ки бар асоси он ҷарима барои соҳибкории бидуни сабт беш аз ду баробар зиёд карда шавад.

Бар асоси тағйирот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки парлумон қабул кард, ба шахсони воқеӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ бидуни қайди давлатӣ минбаъд ба андозаи аз 70 то 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз 4060 то 4640 сомонӣ муқаррар шуд. Ҳангоми дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ин амал аз 130  то 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили  7540 сомонӣ то 8700 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ноиби раиси Кумитаи андоз мисол овард: таксистҳо

Ноиби раиси Кумитаи андоз бо гила аз андозгурезҳо таъкид кард, соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият менамоянд, сарфи назар аз даромади бадастоварда, танҳо маблағҳои устуворро, пардохт менамоянд, навиштаст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Маликзода.  

“Масалан, барои мусофиркашонӣ бо таксӣ дар 1 моҳ, ҳамчунин якчанд мисоли дигар, ки маблағи калонро ташкил намедиҳад, аммо даромади хуб дорад”, - изҳор дошт ноиби раиси Кумитаи андоз.   

Маҷлиси намояндагон зиёд кардани ҷарима барои соҳибкорӣ бидуни қайдро ҷонибдорӣ намуда, тағйирот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0