Даргузашти Мусулмониён, шоири таскинбахши даври "корона": паи чизе чу ночизе нагаштам-акс

CC0 / Pxhere / Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоир Раҷаби Мусулмониён, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муассиси гимназияи хусусӣ барои хонандагони болаёқат имрӯз дар синни 65-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 13 июн - Sputnik. Мусулмониён, ки ҳафтаҳои охир барои таскини ҳамватанҳо дар мавзӯъи коронавирусу хонашинӣ шеър менавишт, имрӯз дар синни 65-солагӣ дунёро падрӯд гуфт, хабар дод шоири тоҷик Исмоили Зарифӣ.

Аз охирин байтҳое, ки Мусулмониён дар саҳифаи фейсбукияш нашр кардааст, дубайтии зер мебошад:

Ба умрам аз паи чизе нагаштам,
Паи чизе чу ночизе нагаштам.
Ҳама ин сарбаландиям аз он аст,
Ки пушти курсиву мизе нагаштам.

Мусалмониён 15 марти соли 1955 дар шаҳраки Ёвон таваллуд шуда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии омузгорӣ дар Душанбе ба ҳайси омӯзгори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Носири Хусрав кор кардааст.

Роҳбари бахши ноҳиявии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Бунёди ноҳиявии забони тоҷикӣ дар Ёвон буд.

Муаллифи китобҳои “Аз Кӯшон то Ёвон”, “Ашки субх”, “Ранҷ ва ганҷи Ёвон”, “Ёвони ман”, “Ситора ситора мемонад” ва мачмӯаи шеърҳои “Парастуҳои наврӯзӣ”, “Нигоҳи офтоб”, “Булӯри хаёл”, “Шаҳри саодат” мебошад.

Лентаи хабарҳо
0