Табибони лаҳистонӣ барои табобати бемории вируси корона ба шаҳри Хоруғ сафар караданд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВрачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19
Врачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи табибони давлати Лаҳистон, ки дар ташхису табобати бемории COVID-19 таҷрибаи зиёд доранд, ба шаҳри Хоруғ сафар карданд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Саидбек Давлатбеков, сардухтури беморхонаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид кардааст, табибони Лаҳистон, дар ташхису табобати бемороне, ки вазъи саломатиашон хуб нест, ба ҳамтоёни тоҷики худ кумак мерасонанд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Медуниверситет в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Лаҳистон ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҷҳизоти тадқиқотӣ мехарад

Сардухтури беморхонаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қайд кардааст, ки табобони лаҳистонӣ дорои  таҷрибаи беҳтар мебошанд ва дар ихтиёри худ озмоишгоҳҳои муосири сайёр низ доранд.

“Аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии COVID-19  дар Тоҷикистон то ба имрӯз 940 нафар бо аломатҳои ин беморӣ бистарӣ шуда, имрӯз аксари онҳо пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон баргаштанд ва 115 нафар зер назорати табибон мебошанд. Дар рӯзҳои аввали “ҳамла”-и ногаҳонии бемории коронавирус  дар ташхису табобат душвориҳо ба чашм расида, беморон  ба табобати табибон бо шубҳа менигаристанд. Ҳоло  табибон аз ин мушкилӣ раҳо ёфтанд. Муҳим он аст, ки беморон ва табибон ба ҳамдигар боварӣ ҳосил намуданд. Ҳоло ки табибони хориҷӣ дар ин ҷо қарор доранд, бо боварӣ метавонам гӯям, ки пас аз мубодилаи таҷриба  дониши назариявию амалии   табибони тоҷик боз ҳам хубтар мегардад”,- зикр намудааст Саидбек Давлатбеков.

Ҳамчунин табибони лаҳистони баён доштанд, ки  дар баробари ташхису табобати беморон, онҳо инчунин ба табибон, ки дар баробари ин беморӣ хеле осебпазиранд, чораҳои муассири муҳофизатиро меомӯзонанд.

Ҳамзамон табибони хориҷӣ ният доранд таҷрибаи пизишкони тоҷикро омӯзанд ва дар оянда ҳангоми сафар ба дигар минтақаи ҷаҳон аз он истифода кунанд.

Лентаи хабарҳо
0