ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Сомонаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, таъкид доштааст, ки ин миқдори тарбуз аз заминҳои вилояти Хатлон бардошт шудааст.
Наҷиб Ҳамроев, муовини раиси ширкати саҳҳомии кишоварзии “Аввалин” гуфт, қарор аст ғайр аз Русия, тарбузҳои бардоштшуда ба кишварҳои ҳавзаи дарёи Балтика ҳам содирот шавад.
Вай афзуд, ҳамаи марҳилаи парвариши тарбуз аз кошт то бардошт ва омодасозӣ барои содирот мутобиқи шеваву стандартҳои аврупоӣ сурат гирифтааст.
Муовини раиси ширкати саҳҳомии кишоварзии “Аввалин” гуфт, имсол бо ҳамкории кишоварзони манотиқи Вахш, Ҷалолиддини Румӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни минтақаи Хатлон дар майдони 15 гектар тарбуз кошта шуд.
Вай гуфт, ин маҳсулоти босифат муштарии зиёде дар бозорҳои аврупоӣ ва Русия дорад.