СҶБ: шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон аз 7 миллион нафар бештар аст

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВрачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной
Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шумори мубталоён ба вируси корона дар тамоми ҷаҳон аз 7 миллиону 270 ҳазор нафар зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Ин созмони байналмилалӣ таъкид доштаааст, ки аз вируси корона дар саросали ҷаҳон бештар аз 413 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд, иттилоъ додааст сомонаи КҲФ Тоҷикситон.

Медицинский работник держит в руках пробирку с биоматериалом - Sputnik Тоҷикистон
Воксинаи коронавирус то тирамоҳ ё зимистон дастрас гардад

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамчунин хабар додааст, ки шабонарӯзи гузашта 128 ҳазору 419 нафар сироятёфтагони нав ба қайд гирифта шуданд ва 5 ҳазору 347 нафар фавтиданд.

Айни замон ба гуфтаи ин созмон қисмати бештари мубталоён ба коронавирус сокинони Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубианд. Дар ин минтақа 3 миллиону 485 ҳазору 245 нафар мубтало ба КОВИД-19 мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 71 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ хабар дод, ки то соати 18:00 дақиқаи 11 июн  дар Тоҷикистон 4834 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3062 (63,3%) нафар шифо ёфтаанд. Ба фавтидагон аз КОВИД-19 боз як нафар илова шуд ва ҳоло шумори умумии ҷонбохтагон аз кронавирус ба 49 нафар расид.

То 11 июни соли равон дар ҷумҳурӣ 887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0