ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дар сомонаи худ Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қайд кардааст, чораву тадбирҳое, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо КОВИД-19 меандешад, баёнгари он аст, ки ин вирус ҳамоно вуҷуд дорад ва сокинон ҷиддан бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки қонуни наве, ки ахиран дар Маҷлиси Олӣ қабул карда шуд, маънои онро дорад, ки сокинон бояд ҳамеша эҳтиёткор.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зикр кардааст, ки бо назардошти ҳамаи ин як зарра ҳам мубориза барои коҳиши хатари сироят ба КОВИД-19-ро коҳиш надодааст.
“Ҳамарӯза тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда дар шаҳру навоҳии кишвар корҳои поккорӣ роҳандозӣ мешаванд ва ҳазорон литр маҳлулҳои вирускуши кимиёвӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, даромадгоҳи хонаҳои истиқоматӣ пошида мешаванд. Ахиран аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус “Covid-19” ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии Наврӯзгоҳ корҳои тамизкунӣ ташкил ва гузаронидан шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки дар рафти поккорӣ наҷотдиҳандагон даромадгоҳи боғ, роҳравҳо, ҷои нишаст, ҷазираи бачагона, атраксионҳо, толори бозиҳои шавқовар, нуқтаҳои савдо ва дигар иншоотҳои дар дохили боғ ҷойгир бударо бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ поккорӣ намуданд.
Ҳамзамон дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мазкур аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо шахсони масъули боғ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар тафреҳгоҳҳо суҳбатҳо гузаронида мешаванд.