ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ ҷаласаи дуюми Маҷлиси миллӣ пеш аз зуҳри 26 июн дар Душанбе баргузор мегардад.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи дуюм баробари қонунҳои дигар, инчунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
Рӯзи 10 июн Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Кодекси маъмурии кишварро қабул карда, ҷазо барои қоидаҳои санитарию гигиениро пурзӯр намуд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки бар асоси муқаррароти ҷадид, барои надоштани ниқоби тиббию нақзи қоидаҳои беҳдошт аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Инчунин барои пахши ахбори носаҳеҳи марбути беморӣ тариқи шабакаю расонаҳо ҷазо дар намуди ҷарима, барои шахсони воқеӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст. Феълан як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 58 сомонӣ мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон қаблан аз ин тағйирот ҳимоят карда, барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд. Аммо бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаримаҳоро барои шароити Тоҷикистон сангину мушкилзо хонда, таъкид кардаанд, бархе паҳлӯҳои масъала норӯшан гузошта шудаанд.
Дар сурате, агар Маҷлиси миллӣ таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ аз тағйироти мазкур ҷонибдорӣ намояд, баъди имзои раисиҷумҳур ва нашр дар матбуоти расмӣ муқаррароти марбути ҷаримабандиҳо мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.