Рустами Эмомалӣ ҷаласаи дуюми Маҷлиси миллиро даъват кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо имзои як қарор ҷаласаи дуюми палатаи болоии парлумонро даъват кард

ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллӣ,  даъвати шашум 26 июни соли 2020, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад. Як рӯз қабл аз ҷаласаи Маҷлиси миллӣ ҷаласаи Шӯрои палатаи болоии парлумон дар назар аст.

Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷарима то 10 соли зиндон: ҷазо барои надоштани ниқоб, паҳнсозии беморӣ ва дурӯғ

Шӯрои Маҷлиси миллии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи дуюми Маҷ­лис, баррасии як қатор қонунҳо дар нақша аст.

Аъзои палатаи болоии парлумон аз ҷумла қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

Қонуни Тоҷикистон “Оид баворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” аз бандҳои дигари ҷаласаи дуюм мебошанд.

Дафтари матбуоти  Маҷлиси миллӣ илова намуд, ки аъзои палатаи болоӣ инчунин ;ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва як қатор қонунҳо ва масъалаҳои дигарро баррасӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0