Оё вируси корона ба суръати интернет таъсир гузошт?

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкВход в интернет, архивное фото
Вход в интернет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муштариёни ширкатҳои мухобиротӣ аз суст шудани суръати интиқоли интернет таъкид варзида мегуянд, чунин вазъ боиси масрафи бештари вақт мегардад

ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Муштариёни ширкатҳои мухобиротӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки сифати интренете, ки онҳо истифода мекунанд, бештар аз як моҳ ба ин тараф хеле паст шудааст.

Расул Толибов, сокини шаҳри Хуҷанд мегуяд, интернети ширкати МегаФон Тоҷикистон ба дараҷае поён рафтааст, ки гоҳе ҳатто саҳфааш дар шабакаи Фейсбукро рушан карда наметавонад.

“Интеренет хеле заиф шудааст, баъзан барои кушодани сомонаҳои иттилоърасон соатҳо интизор мешавам. Оиди ин мушкил ба оператори ширкат ҳам муроҷиат кардам гуфтанд, ки як бор аз нав модемро аз нав пайваст кунед. Ин корро як чанд бор иҷро кардам, аммо ҳеҷ чиз тағйир наёфт, балки вақтам сипарӣ шуд”, - гуфт Толибов сокини шаҳри Хуҷанд.

Ҳамин тавр, муштариёни ширкатҳои Tcell, Babilon ва Zet mobile дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ аз сустшавии суръати интернет ба Sputnik Тоҷикистон таъкид мекунанд.

Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таассуфи дабири кулли СММ аз хабарҳои бардурӯғ оиди коронавирус дар интернет

 Як оператори Тcell дар суҳбат ба мо, вазъи баамаломадаро шарҳ дода гуфт, ки вазиши шамоли сахти чанд рӯзи пеш, баъзе аз дастгоҳҳои мавҷпаҳнкунандаро (антенна) дар манотиқи кишвар хароб кард ва ин боиси қатъ шудани интернет гардид. Ин масъули ширкати Тcell гуфт, мушкили бавуҷудомада ҳоло бартараф шуда ва сифати интернетрасонӣ бартараф шудааст.

Аммо мизоҷони ин ширкат мегуянд, мушкил ҳамоно рафъ нашудааст. Акрам Хайриддинов як муштарии ширкатҳои Тселл ва МегаФон мегуяд, мушкили сифати интернетрасонӣ ҳудуди ду моҳ ба ин тараф давом дошта, ҳанӯз ба таври назаррас ҳал нашудааст.

 “Аз нимаҳои моҳи апрел суръати интиқоли интернет шурӯъ шуд. Ман одатан аз интернети ширкатҳои Тселл ва Мегафон истифода мебарам, аммо интеренти ҳар ду ширкат паст шудааст. Шояд хуруҷи бемории коронавирус ба фаъолияти ин ширкатҳои интерентрасон таъсир расонида бошад?”, - таъкид мекунад, Хайриддинов.

Баъзе аз коршиносони умури технологияи иттилоотӣ аз коҳиши шумори истифодабарандагони интернет дар замони хуруҷи бемории COVID – 19 зикр мекунанд.

“Дар ҳоли кам шудани шумори муштариён, суръати интернет ҳам поён мешавад ва сабаби инро масъулин дарк карда метавонанд”, - мегуянд соҳибназарон.

Смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суръати интернет тезтар шудааст: Тоҷикистон дар раддабандии нави “Speedtest Global Index”

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол қабл шумори истифобарандагони интернетро дар кишвар ба беш аз 2, 8 миллион рақам зада аз коҳиши теъдоди истифодабарандагон хабар дода буд.

Бар пояи иттилоъи ин ниҳод аз ҳар 100 нафар сокини ҷумҳурӣ 34 нафар истифодабарандаи интернет ба ҳисоб мераванд.

 Гуфта мешавад, ки ҳоло аз 10 милион, шумори муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 5 миллион нафар фаъол ҳастанд. Ҳаҷми хизматрасонӣ аз ҳисобӣ алоқаи мобилӣ солона ба беш аз 1, 5 милион сомонӣ баробар будааст.

Ширкати Internet Live Stats чанд сол қабл мақоми Тоҷикистонро аз ҷиҳати шумори истифодабарандагони шабакаи интерент дар мақоми 114-ум арзёбӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0