"MO-U 2": нашри намоҳанги нави Аброр Назаров - видео

Обуна шудан
Аброр Назаров сарояндаи машҳури Тоҷикистон писари маэстро Далер Назаров намоҳанги ҷадиди худро пешкаши мухлисон кард

Аброр Назаров сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон суруд ва клипи тозаи худро зери унвони "Мову ту" сабт ва дар саҳифааш дар шабакаи Youtube нашр кард.

Аброр Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Аброр Назаров дар бораи намоҳанги нав, дуои падар ва шеъри Лоиқ гуфт- видео

Дар намоҳанги сароянда овозхон - Ҳанифа Эмомалӣ нақш офаридааст. 

Суруд ва намоҳанги "Мову ту" аз ишқе ҳикоят мекунад, ки аввал дораду охир не.

Барои сабти ин намоҳанг Аброр Назаров ба аҳли эҷод барои кумак иҳзори сипос кардааст. 

Ахиран Аброр Назаров моҳи декабри соли 2019 намоҳанге таҳти унвони "Бе нигоҳи ту" - ро сабт ва пешкаши мухлисон карда буд.

Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад

Аброр Назаров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, гуфт ин намоҳангро ҳамроҳи дӯстон тобистони соли 2019 дар Черногория сабт кардааст ва он барои шод кардани дили мухлисон омода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0