ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия нафареро, ки дар маҳалаи Зарнисор ҷавони 25-соларо корд зад боздошт намуданд.
Вазорати умури дохила таъкид доштааст, ки зимни амалиёти махсус аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори авбошӣ боздошт шуд.
“Номбурда, санаи 10-уми июни соли 2020, ҳангоми дар маҳаҳалаи Зарнисор назди беморхонаи инфексионӣ қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди дар даст буда, 1-маротиба ба қисмати чапи қафаси синаи ҷавони 25-солаи сокини пойтахт зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Масъулини ВУД Тоҷикистон таъкид доштанд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар ҳоли ҳозир, нафари гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идоима дорад.