ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Омӯзгорони мактабҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи “Садриддин Айнӣ”, “Ҳилолӣ” ва “Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон, инчунин устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо ташаббуси инсондӯстонаи худ ба кӯмаки зарардидагони офати табиӣ омада, дар сохтусози манзилҳои нави зист ба онҳо ҳамроҳ шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Илҳомҷон Қодирӣ, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъкид доштааст, ки имрӯзҳо дар донишгоҳ таътил аст ва омӯзгорон тасмим гирифтаанд ба маҳаллаи Чорбоғ омада, ба сокинони ин мавзеъ дар кори сохтмони манзилҳояшон кумак расонанд.
Дар ҳамин ҳол, Нарзулло Шодиев, муовини раиси ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, иттилоъ дод, ки шумораи ихтиёриёне, ки ҳамарӯза дар маҳалли навбунёд ба ёрии мардум меоянд, зиёд аст. Имрӯз ҳам, ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ барои кумак ҳозир шудаанд.
Н.Шодиев саҳми ҳамаи ихтиёриён, аз ҷумла устодону омӯзгоронро дар баробари дигар хайрхоҳон хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.
Ректорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфуддин Давлатзода ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Хайрулло Назарзода, қайд карданд, ки ҳамдастии омӯзгорони ин мактабҳои олӣ дар корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Хуросон то пурра ба анҷом расидани сохтусози манзилҳо идома хоҳад кард.