Даргузашти генерал Шамсзода, собиқ вакилу ноиби вазир-акс

© акс аз саҳифаи Наврӯз Қурбонзода, масъули котиботи Маҷлиси миллӣГенерал-майор Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин, собиқ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Генерал-майор Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин, собиқ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-майор Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин, собиқ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Шамсзода 10 июн дар синни 58-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Сабаби марги марҳум гуфта нашудааст.

Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти генерал Азимов, собиқ фармондеҳи марзбонӣ ва ноиби сарвазир

Бар асоси ҳолнома, Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин 22 январи соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1985 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

“Фаъолияти худро соли 1986 аз иҷрокунандаи вазифаи муфаттиши прокурори ноҳияи Восеъ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), ёрдамчии прокурори ноҳияи Данғара, прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Кӯлоб, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон, прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, прокурори ноҳияи Восеъ, муовини прокурори вилояти Хатлон кор кардааст”, - омадааст дар тарҷумаи ҳол.

Шамсзода сипас дар мақомҳои вакили Маҷлиси намояндагон, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Ҳисор ва сардори раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин аз 15 феврали соли 2016 то 17 апрели соли 2020 дар мансаби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудаст.

Дорои рутбаҳои махсуси генерал-майори милитсия ва мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 мебошад.

Лентаи хабарҳо
0