"Бизнес"-и заҳри мор: боздошти 3 марде, ки ду грами онро 460-долларӣ мефурӯхтанд

© Sputnik / Александр Поляков / Гузариш ба медиабонкТак добывают змеиный яд.
Так добывают змеиный яд. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуди вилояти Суғд се мардеро боздошт кардаанд, ки ба гардиши ғайриқонунии заҳри мор муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон се мардро бо миқдори зиёди заҳри мор дастгир карданд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, боздоштшудагон заҳри моро дар қуттиҳо ҷой дода, мехостанд ба гардиши ғайриқонунӣ бароранд.

Бино бар иттилои пешакӣ, боздшоштшудагон сокинони шаҳри Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ будаанд.
Бобохон Раҳмонов, Бомаҳмад Ҳаитов ва Сафар Сафаров мехостанд заҳри морро ба фурӯш бароранд, омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамагӣ аз онҳо 30 қуттӣ ё ампул заҳри мор, ки ғунҷоишаш 2 грамм будааст, мусодира шудааст.

Змея, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Як грамм заҳри мор чанд доллар? Норов гуфт, аз қарздорӣ ночор ба заҳрфурӯшӣ даст зад

Нархи ҳар як аммул дар бозори сиёҳ 460 доллар будааст.

Сокинон хонаи мори азимҷуссаро дар Ҳисор пайдо карданд - Видео

Нисбати се марди боздоштшуда тибқи моддаи 206 қисми 2 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, ба онҳо аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0