Амалиёти милисаҳои Душанбе алайҳи мошинсаворони худнамову ҳавобаланд - акс ва видео

© МВД по городу ДушанбеВ Душанбе прошел рейд против автоводителей злоупотребляющими проблесковыми маяками и громкими сигналами
В Душанбе прошел рейд против автоводителей злоупотребляющими проблесковыми маяками и громкими сигналами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати ВКД Душанбе дар пайи як амалиёти махсус бештар аз 50 ронандаро боздошт кардаанд, ки бо насб кардани сигналҳои дорои овози махсус ва чароғи фурузони шуълавар ба атрофиён халал мерасониданд. Раёсат онҳоро худнамову ҳавобаланд хондааст

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе гузориш медиҳад, 3 рӯзи ахир дар Душанбе алайҳи бархе аз ронандагон, ки ба атрофиён халал мерасониданд, амалиёт баргузор кардааст. Дар натиҷа бештар аз 50 роанада дасгир шудаанд.

РВКД ин қабил ронандаҳоро худнамову ҳавобаланд номидааст, ки "дар воситаҳои нақлиёташон ба таври худсарона сигналҳои дорои овози махсус ва чароғи фурузони шуълавари дорои ранги кабуд, сурх, зарду оринҷӣ, сафеду моҳтобрангро насб менамоянд".

"Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғи шуълавари фурузон бо рангҳои гуногун танҳо ба воситаҳои нақлиёти махсуси хизматӣ, аз ҷумла БДА, Бозрасии ҳарбии автомобилӣ, Хадамоти сухторнишонӣ, Ёрии таъҷилӣ, Раёсати истифодабарии роҳҳо ва "Почтаи тоҷик" иҷозат дода мешавад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Манбаъ меафзояд, дар аксар ҳолат ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ бархилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ таҷҳизоти мазкурро насб намуда, бо ҳисси ғуруру худнамоӣ ва нишон додани бартарияту афзалияти худ нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ онро ба кор медароранд.

© МВД по городу ДушанбеВ Душанбе прошел рейд против автоводителей злоупотребляющими проблесковыми маяками и громкими сигналами
Амалиёти милисаҳои Душанбе алайҳи мошинсаворони худнамову ҳавобаланд - акс ва видео - Sputnik Тоҷикистон
В Душанбе прошел рейд против автоводителей злоупотребляющими проблесковыми маяками и громкими сигналами

Аз як ҷониб агар ин кирдори онҳо аз тарафи дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳамчун таҳқир ҳисобида шавад, аз ҷониби дигар баланд намудани сигналҳои овозӣ, махсусан дар вақти шабона ба оромиву фароғати шаҳрвандон халал ворид менамояд.

"Давоми 3 рӯз 65 ҳолати насбу истифодабарии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғаки шуълавари нурафшон ошкор карда шуда, ҳуқуқвайрокунандагон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд", - омадааст дар гузориш.

Раёсат ному насаб ва акси ронандаҳои дастгиршударо нашр кардааст.

© МВД по городу ДушанбеВ Душанбе прошел рейд против автоводителей злоупотребляющими проблесковыми маяками и громкими сигналами
Амалиёти милисаҳои Душанбе алайҳи мошинсаворони худнамову ҳавобаланд - акс ва видео - Sputnik Тоҷикистон
В Душанбе прошел рейд против автоводителей злоупотребляющими проблесковыми маяками и громкими сигналами

Нисбати ронандагони мазкур бо моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёт то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо мусодира намудани асбобу таҷҳизоти ғайристандартӣ дар майдончаҳои махсуси Раёсати ВКД ва шаҳри Душанбе ва ШБДА боздошт карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0