https://sputnik.tj/20200610/Tamosi-videoii-Ramon-bo-noibi-prezidenti-Bonki-aon---aks-1031395346.html
Тамоси видеоӣ бо Вашингтон: Раҳмон аз таъмини дорую таҷҳизот гуфт - акс
Тамоси видеоӣ бо Вашингтон: Раҳмон аз таъмини дорую таҷҳизот гуфт - акс
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо хонум Анна Бйерде, ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар қароргоҳи... 10.06.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-06-10T20:35+0500
2020-06-10T20:35+0500
2021-07-21T18:55+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/52/1031395255_0:179:2047:1336_1920x0_80_0_0_a1f4e5c40a3640f05e45f7d9c56c33ea.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/52/1031395255_0:78:2047:1365_1920x0_80_0_0_864df8442c962feaefe0786b07d62917.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, ҳамаи хабарҳо, эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, бонки ҷаҳонӣ
иқтисод, ҳамаи хабарҳо, эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, бонки ҷаҳонӣ
Тамоси видеоӣ бо Вашингтон: Раҳмон аз таъмини дорую таҷҳизот гуфт - акс
20:35 10.06.2020 (Навсозишуда: 18:55 21.07.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо хонум Анна Бйерде, ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон ҳузур дошт, суҳбати видеоӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кардааст, ки “Бонки ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали бақайдгирии сироятёбии ин беморӣ дар Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дар кишвари мо кӯмакҳои молиявӣ ҷудо кард”.
Ҷонибҳо оид ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус - COVID-19 ва роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии ин беморӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
“Зимни суҳбат таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайдгирии ин беморӣ чораҳои фаврию судманд амалӣ карда шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19-ро таъсис дода, беморхонаҳо барои ин бемории сироятиро бо садҳо кати хоб ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи доруворӣ ташкил намуд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ таъкид намудааст, ки ҷараёни табобати беморон, беҳдошти вазъи беморхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мубталоёни ин беморӣ ва таъмини беморхонаҳо бо маводи доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ таҳти назорати бевоситаи Президенти Тоҷикистон қарор дорад.