ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Хабари ба мувозинати “Тоҷикматлубот” гузаштани бозори “Панҷшанбе”-ро манобеи Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд. Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, ҳоло фаъолияти бозор аз сӯи масъулони “Тоҷикматлубот” идора мешавад.
“Беш аз панҷ моҳ аст, ки раисии бозорро Хуршеда Бобоева ба зимма дорад. Ин нафарро аз идораи “Тоҷикматлубот” раис таъйин карданд”,- таъкид кард ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Хабари ба идораи “Тоҷикматлубот” гузаштани “Панҷшанбе”-ро Абдуғанӣ Почоев, раиси соҳибкорони ин бозор низ таъйид кард.
Ӯ гуфт, бо гузашти бист сол, бозори марказии Хуҷанд дубора ба соҳибмулки қаблиаш баргаштааст.
“Бо гузаштан ба идораи “Тоҷикматлубот” бори аввал аст, ки раиси “Панҷшанбе” зан таъйин шуд. Ин зан шахси кордон ва муносибаташон ҳам бо соҳибкорони бозор хуб аст”,- гуфт Почоев.
Хуршеда Бобоева, аз собиқадорони идораи “Тоҷикматлубот” буда, ба ҷои Сайдулло Ғиёсов, вазифаи раиси бозорро бар уҳда дорад.
Раиси бозор то ин вақт аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Фортуна”, ки бозорро дар ихтиёр дошт, таъйин карда мешуд.
Аз таърихи бузургтарин бозор то баҳсҳои додгоҳӣ бо молики пешини он
Бозори марказии шаҳри Хуҷанд - “Панҷшанбе” соли 1964 бунёд шуда, соли 1998, баъд аз 34 соли фаъолияташ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва хароб шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар муфлис гардида, аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии п=шидаи “Фортуна” хусусӣ карда шудааст.
“Фортуна”, беш аз 20 сол масъулияти таъмир ва нигуҳубини “Панҷшанбе”-ро бар уҳда дошт.
Як манбаи огоҳ аз мавзӯъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар мувозинати “Тоҷикматлубот” қарор гирифтани ин бозор тибқи қарори Суди иқтисодии кишвар сурат гирифтааст.
“Суди иқтисодӣ бозори “Панҷшанбе”-ро 3 миллиону 300 сомонӣ нарх монда, идораи “Тоҷикматлубот”-ро барои пардохти ин маблағ ба ҷамъияти “Фортуна” вазифадор намудааст”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Аммо ба гуфтаи ин манбаъ ширкати “Фортуна” ин нархро кам дониста, аз болои қарори қаблии суд, ба зинаи болоӣ шикоят бурдаст.
Аз ин, ки шуъюи бемории “вируси корона” ҳама корхонаҳои давлатӣ ҳатто судҳоро ба ташвиш андохт, ин баҳси судӣ сари бозори “Панҷшанбе” ҳам ҳанӯз хатм нашудааст, таъкид кард манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи расмии Иттифоқи “Тоҷикматлубот”-и Тоҷикистон дар бораи шумори бозорҳои тобеъи ин ниҳод ва теъдоди мағозаҳову фурӯшандаҳо маълумот дода, аммо дақиқан дар бораи бозорҳо дар шаҳри Хуҷанд чизе гуфта нашудааст.
Дар иттилое, ки сомонаи ин ниҳод ба нашр расонидааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки айни замон дар соҳаи кооператсияи матлубот 73 адад бозорҳо мавҷуданд, ки дар онҳо 16 ҳазору 383 ҷойи фурӯш мавҷуд аст.
Дар ин бозорҳо 3742 адад мағозаҳо, дӯконҳо ва дигар нуқтаҳо оид ба фурӯши молу маҳсулоти гуногун ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Бозорҳои нисбатан калон дар шаҳрҳо ва марказҳои сераҳолии кишвар, аз ҷумла дар Кӯлоб, Хоруғ, Турсунзода, Истаравшан, Ваҳдат ва ғайра пайваста фаъолият доранд.
Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин бозорҳо дар Осиёи Миёна маҳсуб шуда, дар ҳоли ҳозир дар ду ошёнаи он 1280 соҳибкор фаъолият мекунад. Баъд аз солҳои 90-ум ҳоли аксар бозорҳои марказӣ дар шаҳру навоҳии кишвар абгор шуда, назорати фаъолияти онҳоро ширкатҳои хусусӣ ба зимма гирифтанд.
Чанд соли пеш бозорҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дар Суғд низ хусусӣ карда шуданд.