Бонки ҷаҳонӣ: иқтисоди Тоҷикистонро пас аз пандемия чӣ интизор аст?

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ гуфтааст, иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон то 2 фоиз пойн рафта, соли оянда  3,7 дарсад афзоиш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 10  июн — Sputnik. Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, "Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ" имсол коҳиши иқтисодӣ Тоҷикистон то 2 дарсадро ташкил хоҳад дод ва дар соли 2021, баръакс, афзоиши 3,7 дарсад пешбинӣ мешавад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон ба раисон: ҳар як оила барои ду сол маводи ғизоӣ захира кунад

Дар маҷмӯъ, имсол иқтисоди ҷаҳонӣ дар саросари дунё 5,2 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин бадтарин коҳиш пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аст.

Гузашта аз ин, тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар кишварҳои пешрафта фаъолияти иқтисодӣ ҳафт фоиз ва дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ 2,5 фоиз коҳиш меёбад.

Дар гузориш гуфта мешавад, пандемия алалхусус ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бад дошт. Ин ба пастравии нархҳои ҷаҳонии молҳо, қатъ шудани истеҳсолот ва дигар омилҳо рабт дода шудааст.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Назорати бонкҳо пурзӯр мешавад: Бонки миллӣ ба ду ширкати аудиторӣ иҷозатнома дод

Коршиносон бар он ақидаанд, ки густариши пандемия дар Осиёи Марказӣ коҳиши талаботи дохилиро ба мол афзоиш дод ва монеаҳои шадидтари таъминотро афзоиш дод. Ҳамаи ин сабабҳо боиси боздоштани фаъолияти иқтисодӣ гардид.

Инчунин, иқтисодиёти кишварҳои минтақа ба вуруди сармоя ва афзоиши паҳншавии вомбаргҳо дучор омад.

Ба таъкиди гузоришгарон, ҳамзамон, ноустувории қурби асъор дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба зиёд шудани арзиши қарз оварда расонид ва якбора паст шудани содирот бори тавозуни пардохтро шадидтар кард.

Дар маҷмӯъ, Бонки ҷаҳонӣ поинравиро дар иқтисодиёти Осиёи Марказӣ 4,7% пешбинӣ мекунад.

Гуфта мешавад, таҳлилгарон пешгӯиро дар асоси бекоркунии чораҳо маҳдудкунанда вобаста ба COVID-19 дар оғози нимсолаи дуюм пешбинӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0