ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дирӯз, 8 июн гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Канада Франсуа—Филипп Шампан баргузор гардид, гузориш медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар мавриди раванди мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 дар кишварҳои худ мубодилаи афкор намуданд.
"Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҳукумати Канада барои кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон изҳори сипос кард", - менависад дафтари матбуоти ВКХ.
Ҳамзамон ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун, инчунин ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Канада дар арсаи байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.