ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор санаи 8-уми июни соли равон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён рух додааст.
Тавре манбаъ қайд намудааст, тахминан соатҳои 17:20-дақиқа ронандаи автомашинаи “Лексус”, Сайфов Сайфулло, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара ҳангоми аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Кӯшониён ҳаракат карданаш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Фахриддинов Зокирҷон Нуриддинович, соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №57-ро пахш намудааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷа ноболиғ, Фахриддинов Зокирҷон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷкистон нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.